Зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса ошкор шудааст, ки роҳбари гурӯҳӣ ҷиноятпешаи аввали моҳи июни соли гузашта боздоштшуда, сокини 38-солаи ноҳияи Панҷ Шералӣ Адҳамов дар куштори шаҳрвандони Қирғизистон низ даст доштааст.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Шералӣ Адҳамов тибқи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандони Қирғизистон Сапаралӣ Аканов, Давранбек Қаюмов ва шахси ба тафтишот номаълум бо номи Эркинҷон 5-уми сентябри соли 2005 ба манзили истиқоматии шаҳрванди Қирғизистон Жунусов Абдуалими 46-сола даромада, бо истифода аз яроқи оташфишон ӯро бо муҳофизаш Санҷарбек Абдиев парронда ба ҳалокат расонидааст.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июни соли 2012 дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ боздошт шуд , ки аъзои он ахиран ба як қатор ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштору амалҳои террористӣ даст зада буданд.
Пешвои гурӯҳ шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Шералӣ Адҳамов буда, аъзои гурӯҳ зимни боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд. Ҳеҷ яке аз кормандони милиса осеб надид. Амалиёти боздошти гурӯҳ дар зодгоҳи Ш.Адҳамов – деҳаи Бедаки ноҳияи Панҷ гузаронида шуд. Ҳамроҳи пешвои гурӯҳ боз се нафар ҳаммаслакони ӯ низ дастгир гардиданд.
Дар ҷойи истиқоматии Ш. Адҳамов ду адад автомати тамғаи Калашников, ду норинҷак, 800 дона тир, 15 адад телефони мобилӣ, 103 адад симкарта, як адад воситаи мухобира дигар таҷҳизоти ҳарбӣ, якчанд автомашинаҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада, миқдори ниҳоят калони маводи мухаддир ва ҳуҷҷатҳое, ки аз содир шудани ҷиноят шаҳодат медиҳанд, ёфт ва мусодира карда шуд.
Дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ зикр карда буданд, ки амалиёти мазкур дар ҳамдастӣ бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир гардид.



Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста