Вазорати корҳои хориҷаи Олмон ба шаҳрвандони худ тавсия медиҳад аз сафар кардан ба навоҳии наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон худдорӣ варзанд.
Ба иттилои Deutsche Welle, Вазорати корҳои хориҷаи Олмон вазъи кишварҳои мухталифро мунтазам зери назорат қарор медиҳад ва дар сурати хатари баланд дар сомонаи расмии худ роҷеъ ба худдорӣ аз мусофират изҳорот пахш мекунад. Чунин изҳорот танҳо дар сурати мавҷудияти таҳдид ба саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандони Олмон пахш мешавад.
Вазорат ба шаҳрвандонаш ҳамчунин тавсия додаст, ки дар Украина ҳам шабона бо мошин ба роҳ набароянд, зеро роҳҳо дар баъзе ҷойҳо то андозае вайронанд, ки дучори садамаи роҳ шудан имкон дорад. Аммо ба олмониҳое, ки айни замон дар Русия ҳастанд, хабар дода мешавад, ки дар якчанд манотиқи ин давлат эҳтиёткор бошанд. Тавсия мешавад, аз сафар ба Ингушистон, Чеченистон, Доғистон, Осетияи Шимолӣ ва Ҷумҳурии Кабардино-Балкария худдорӣ варзанд.
Ба ишораи ВКХ-и Олмон, дар ин ҷумҳуриҳо бино ба ҳамалоти террористӣ, даргириҳои мусаллаҳона, рабудани одамон бо мақсади бозхарид, ҳамчунин шиддат гирифтани ҷинояткорӣ ба амнияти сайёҳон таҳдид мекунад.
Бино ба мулоҳизоти тиббӣ, сафар ба шаҳри Челябинск ва гирду атрофи он тавсия дода намешавад, зеро сатҳи радиатсия дар ин минтақа хеле баланд аст. Ҳамчунин ба густариши басе фарохи СПИД (ВМНБ) ишора карда мешавад.
Ниҳоди мазкур чанд кишвари дигарро хам ба қатори кишварҳои хатарнок ворид кардааст, аз ҷумла Сурия, Афғонистон, Ироқ ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста