Рӯзҳои 27-28 августи соли 2013 дар Душанбе вохӯрии намояндагони расмии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон бо мақсади баррасии роҳҳои минбаъдаи инкишоф додани ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди қочоқи моддаҳои ҳастаӣ баргузор гардид.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрии мазкур идомаи ҳамкориҳои дуҷониба мебошад, ки моҳи январи соли 2007 замина гузошта шуда буд ва барои пешрафти имкониятҳо дар пешгирӣ, ошкор намудан ва вокуниш нишон додан нисбат ба ҳолатҳои қочоқи моддаҳои ҳастаӣ ва радиоактивӣ равона карда шудааст.
Дар рафти вохӯрии дурӯза намояндагони ИМА ва Тоҷикистон бори дигар ниёз ба ҳамкориҳои зичи дуҷониба ҷиҳати пешгирии дастрасии террористон ва ҷинояткорон ба бозорҳои моддаҳои ҳастаиро қайд карданд. Иштирокчиёни ҷаласа, ки намояндагони Парлумон ва як қатор идораҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин намояндагони идораҳои давлатии ИМА буданд, зарурати вокуниши ҳамаҷонибаро бар зидди ҳолатҳои эҳтимолии қочоқи моддаҳои ҳастаӣ қайд намуданд.
Дар рафти вохурӣ дар шаҳри Душанбе ҳарду ҷониб 31 қадами Нақшаи амали дуҷонибаро баррасӣ намуданд, ки моҳи ноябри соли 2011 ба имзо расида буд. Дар чорчӯби ин санад тарафҳо якдигарро бо маълумоти дастрас оид ба хатарҳои қочоқи моддаҳои ҳастаӣ хабардор карда, инчунин таҷрибаҳои беҳтаринро дар самти ошкори моддаҳои ҳастаӣ, ташхиси судии ҳастаӣ, тафтишоти мақомоти қудратӣ ва инчунин омилҳои дигар барои ошкор кардан ва вокуниш нишон додан нисбат ба ҳолатҳои қочоқи моддаҳои ҳастаӣ баррасӣ намуданд. Ин музокираҳо як замина аст байни ИМА ва Тоҷикистон бо мақсади васеъ гардонидани имкониятҳо дар рафти тафтишот ва таъқиби қонунии қочоқчиёни моддаҳои ҳастаӣ мебошад.
Моддаҳои ҳастаии дастгиршуда дар давлатҳои дигар дар солҳои 2010-2011 аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар бозори сиёҳ моддаҳои ҳастаии иловагӣ дастрас мебошад ва онҳо бояд дар ҷойҳои мувофиқ ҷойгир шаванд ва низоми бехатарии нигоҳдории онҳо риоя гарданд. Ҳолатҳои эҳтимолии қочоқи моддаҳои ҳастаӣ ин хатар барои суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад, ки бар зидди ин хатар тариқи ҳамкориҳои дуҷониба мубориза бурдан зарур аст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо мақсади мустаҳкам гардонидани мубориза бар зидди қочоқи моддаҳои ҳастаӣ бо ҳукуматҳои кишварҳои дуст, инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври густурда ҳамкорӣ намуда, саъю кӯшиши хешро ба ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти мақомоти қудратӣ, инчунин имкониятҳои техникие, ки дар гузашта самаранокии худро дар ошкор ва боздошти ҳолатҳои қочоқи моддаҳои ҳастаӣ исбот кардаанд, равона менамояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста