Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон вохӯрии муовини директори Агентӣ Бунафша Одинаева бо машваратчиёни Иттиҳоди Аврупо хонум Карен Мак Хю ва хонум Роҳила Нурбоева баргузор гардид.
Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ хабар доданд, мақсади асосии ташрифи меҳмонон аз гузаронидани баҳодиҳӣ ба давраи 8-уми Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ёрӣ расонидан дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА), инчунин аз рафти амалисозии лоиҳаҳои Барномаи мазкур дар ҳудуди кишвари мо иборат мебошад, ки марҳилаи давраи аз июни соли 2011 то июни 2014-ро дар бар мегирад.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ Б. Одинаева ба машваратчиён оид ба фаъолияти муштараки АНМН бо дигар вазорату идораҳо, ки ба пешгирии паҳншавии нашъамандӣ дар байни аҳолии кишвар равона шудааст, маълумот дод.
«Дар заминаи хадамоти кинологии Агентӣ бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо Маркази таълимии байниидоравии кинологӣ кушода шуд, ки дар он дар баробари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар, инчунин кормандони идораҳои зиддимухаддиротии ҶИА ва дигар давлатҳои минтақа дарс омӯхта, тахассуси касбии худро баланд бардоштанд, - қайд кард ӯ. - Аз тарафи Агентӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвар бо дастгирии Барномаи БОМКА бо мақсади ёрӣ расонидан дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шудааст».
Гуфта мешавад, дар навбати худ хонум Карен Мак Хю барои ҳамкории АНМН ва БОМКА дар амалисозии Барнома дар ҳудуди Тоҷикистон баҳои баланд дод. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ изҳори ақида карданд.Барномаи БОМКА аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, тариқи Барномаи Рушди СММ амалӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста