Чанде қабл зимни мулоқоти вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эм Эллиот масоили дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши таҳкими амният баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД ҶТ, дар робита ба солгарди фоҷеаи даҳшатноки санаи 11-уми сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк, Рамазон Раҳимов изҳори тасаллият намуда, аз ҷумла зикр кард:
«Амали террористии мазкур дар ИМА фоҷеаи саросари дунё аст, ки асараш дар хотироти тамоми мардуми ҷаҳон боқӣ мемонад. Алайҳи терроризм, ки хусусияти ҷаҳониро касб кардааст, мо бояд якҷоя мубориза барем».
Дар навбати худ Сюзан Эм Эллиот изҳор намуд, ки сафорати ИМА ба ҳамкориҳо бо вазорат дар амалисозии барномаҳои амалишаванда оид ба таҳкими робитаи кормандони милиса бо аҳолӣ, беҳбуди нақши занон дар ҷомеа, баргузории тренингҳову семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ идома мебахшад.
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили марбут ба хатарҳои эҳтимолӣ баъди хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба амният (ISAF) аз Афғонистон табодули назар намуда, ба тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷуҳ зоҳир карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста