Бахши байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА ( бахши INL) барномаи шашҳафтаинаи “Баланд бардоштани мақоми зан” барои занон-кормандони милитсияи тоҷикро ба анҷом расонд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, барномаи мазкур тавассути пудратчии бахши номабаршуда созмони “Эмерҷенс Групп”(TEG), дар ҳамкории зич бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пиёда шуда, аз 12уми август то 20уми сентябри соли равон дар Академияи назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд, гузаронида шуд. Ҳадафи лоиҳаи мазкур аз такмил додани ихтисоси занон-кормандони милитсия дар пешгирии зуроварӣ дар хонавода, худкушӣ байни занон, пешгирии ҷиноят байни ҷавонон ва ноболиғон ва хариду фурӯши одамон иборат мебошад. Тибқи лоиҳаи мазкур шумораи занон-кормандони милитсия бояд зиёд гашта, нақши фаврии онҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта шавад. Ёздаҳ зан-ходими милитсия, ки дар ин курси омӯзишии шашҳафтаина ширкат варзиданд, соҳиби рутбаҳо ва вазоифи мухталиф дар Вазорати корҳои дохилии ҶТ мебошанд.
Занон-ходимони милитсияи мазкур бахши аввалини роҳбонии дучархасавори милитсияро ташкил медиҳанд ва ҷиҳати дастрасии хизматрасонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои занон ва ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи боварӣ ва эҳтиром миёни милитсия ва ҷомеа фаъолият хоҳанд кард. Дар давоми курсҳои омӯзишӣ иштирокчиён бо бисту ду мавзӯъҳои гуногун шинос шуданд, минҷумла: усулҳои рондани дучархаҳои махсуси пулис, таҳлили рафтор, малакаи кор бо қурбониёни махсуси ҷиноят, ҷамъоварии босамараи иттилоот барои таъмини амният, пешгирии зуроварӣ дар хонавода, таҳқиқи ҷои содиршавии ҷиноятҳои зӯроварӣ нисбати занон, масоили гендерӣ, идораи ҳолатҳои бӯҳронӣ, таҳқиқи ҷиноятҳои марбут ба таҷовуз ба алоқаи ҷинсӣ ва дигар мушкилоте, ки занҳо-кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо онҳо дучор мешаванд.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки дастгирии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адлияи Тоҷикистонро идома дода, бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти шаҳрвандони он ҳамкорӣ хоҳад кард. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста