Имрӯз дар тамрингоҳи низомии Чоруқдарон дар вилояти Суғд таҳти унвони «Муҳофизат-2013» тамринҳои муштараки тактикии низомӣ оғоз гардиданд, ки дар он дар қатори ҷузъу томҳои артиши Тоҷикистон гурӯҳи кӯҳии тирандози артиши Қирғизистон низ ширкат меварзад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, тамринҳо таҳти сарварии сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-лейтенанат Рамил Нодиров доир гардида, дар он амалҳои муштараки артишҳои Тоҷикистону Қирғизистон зимни муқовимат бо гурӯҳҳои террористӣ мавриди омӯзишу санҷиш қарор мегиранд.
Ба иттилои манбаъ, дар қатори сарбозону афсарон ба тамринҳо техникаи зиреҳпӯш, артиллерия ва навъҳои гуногуни силоҳи оташфишон сафарбар шудаанд.
«Дар марҳилаи ниҳоии тамринҳо, ки рӯзи 2-юми октябр доир мегардад, вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҳузур хоҳанд дошт», -афзуд Ф.Маҳмадалиев.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста