Ҳайати Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовар (ХДНМН)-и назди ҳукумати Қирғизистон ба Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон ташриф оварданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, дар рафти вохӯрӣ директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо роҳбарӣ гурӯҳ муовини раиси ХДНМН Кубаничбек Алимқулов вохӯрд, ки дар он дар бораи раванди рушди вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин саҳми Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба меҳмонон маълумот дод.
Роҳбари АНМН оид ба тадбирҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир анҷом медиҳад, инчунин дар бораи дастовардҳо ва дурнамои инкишофи Агентӣ ба ҳайати меҳмонон маълумоти муфассал дод. Инчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муҳокима гардид.
Ҷонибҳо қайд намуданд, ки ҳамкориҳои байни АНМН ҶТ ва ХДНМН ҶҚ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор пеш аз ҳама ба манфиати халқҳои бародару дӯст хизмат намуда, барои таъмини бехатарӣ дар минтақа равона гардидаанд.Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки минбаъд низ саъю кӯшиш ва ҳамкориии дуҷонибаро дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар фаъолона баранд.
Дар доираи сафари худ, ҳайати қирғизон ба Маркази миллии бозомӯзии кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки дар хадамоти кинологии Агентӣ сохта шудааст, ташриф оварданд. Ҳайати меҳмонон бо сохтори Маркази Кинологӣ, банақшагирӣ ва ташкили фаъолияти он, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, самтҳои истифодаи амалии сагҳои хизматӣ дар кофтуков ва ошкорсозии маводи нашъадор шинос карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста