Рӯзи 1-уми октябр дар Маҷлиси намояндлагони Маҷлиси Олии ҶТ масъалаи тасдиқи Созишнома байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи Русия дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, кумита ва комиссияҳои дахлдори МНМО ҶТ омӯзиши созишномаро ба итмом расонидаанд. Ин санад 5-уми октябри соли гузашта дар Душанбе ба имзо расида буд. Бо қарори Шӯрои МНМО ҶТ, масъалаи тасдиқи созишномаи мазкур ба баррасии ҷаласаи аввали иҷлосияи панҷуми МНМО ҶТ пешниҳод шудааст.
«Ғайр аз ин, вакилон масъалаи тасдиқи Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русияро баррасӣ мекунанд, ки 8-уми феврали соли 2013 ба имзо расида буд. Мутобиқи он, шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни қайди расмӣ муддати 15 рӯз метавонанд дар қаламрави Русия қарор дошта бошанд», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, бо қарори ҳукумати Тоҷикистион аз 2-юми майи соли 2013, Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ тасдиқ гардида буд.
Ёдрас мекунем, ки санаи 18-уми сентябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Созишнома байни Тоҷикистону Русияро дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Тоҷикистон, ки 5 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод кард.
Зимни сафари кории аввали моҳи август ба Русия президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Тоҷикистон, ки 5 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ба имзо расида буд, моҳи октябри соли 2013 аз ҷониби парлумони Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Тоҷикистон бинобар сабаби ба амалисозии ҳарчи зудтари созишномаҳо дар бораи муҳоҷират, таҳвили маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ ва ҳамчун таъмини артиши Тоҷикистон бо таҷҳизоту аслиҳаи нав таваҷҷуҳ зоҳир накардани Маскав, ба тасдиқи Созишномаи пойгоҳи низомӣ шитоб надошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста