Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, аз ҳайати шахсии худ қатъиян талаб намудааст, ки ба рафти интихобот, ки 6-уми ноябр таъйин шудааст, дахолат накунанд.
Тавре сомонаи расмии вазорат хабар медиҳад, роҳбарияти вазорат ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз онҳо қатъиян талаб намуд, ки ба рафти интихобот, ҷамъоварии имзо, ташвиқу тарғиботи номзадҳо дахолат накарда, мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба баргузории чорабиниҳои мазкур мусоидат намоянд.
Манбаъ хабар медиҳад, ки кормандон бояд ҳифзи тартиботи чамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро таъмин намуда, ба онҳо кӯмаки худро дареғ надоранд. Ба ҷомеаи шаҳрвандӣ бодиққатона ва дар сатҳи баланди маданӣ муносибат намуда, боэҳтиром ва хушмуомила бошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста