Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як зумра иншооти нави бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохташударо ифтитоҳ намуда, ба сохтмони чанд бинои дигар оғоз бахшид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст дар деҳаи Паршневи ноҳияи Шуғнон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дидбонгоҳи нави марзбонӣ, ки бо маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ сохта ва муҷаҳҳаз гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Чунонки иттилоъ доданд, дар зарфи 4 моҳи охир дар атрофи шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон бо маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 4 то чунин дидбонгоҳи марзбонӣ бо беҳтарин шароити хизматӣ сохта ба истифода супурда шуд.
Дар маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои комиссариати ҳарбии ноҳия, биноҳои нави прокуратура, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шуғнон мавриди истифода қарор гирифта ва ба сохтмони бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ки аз ҷониби бонки саҳҳомии Тоҷиксодиротбонк бунёд хоҳад ёфт, оғоз бахшида шуд.
Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдат-маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон филиали Бонки саҳҳомии Агроинвестбонк ифтитоҳ ёфт. Зимни шиносӣ бо ин бинои зебо, аз ҷумла зикр гардид, ки то ин вақт Агроинвестбонк дар ноҳияи Шуғнон танҳо як маркази хизматрасонӣ дошт. Бо ифтитоҳи филиал шумораи кормандони ин бонк дар ноҳияи Шуғнон 12 нафар афзун гардид.
Cипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи деҳқони асил Низом Шоҳабутолибов, ки дар як гӯшаи шаҳраки Ваҳдат-маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон қарор дорад, бо роҳбарияту фаъолон ва мардуми сершумори ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом дод.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва ободонии маркази нави маъмурии он - шаҳраки Ваҳдатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои таъмини рушди минбаъдаи ин диёри кӯҳистон супоришҳои мушаххас дод.




Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Соли 2026 муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста