Зимни амалиёти кормандони Раёсати КДАМ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон як қочоқбари маъруфи афғон кушта шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, зимни амалиёти боздошт сокини 32-солаи вилояти Тахори Афғонистон Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳаммадназар муқовимати мусаллаҳона нишон дода, дар ҷойи ҳодиса кушта шудааст. «Ҳаммаслак ва ҳамдиёри ӯ – Амриддин валади Худоёри 30-сола захмӣ шуда, дар қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурд», - гуфтанд дар КДАМ.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷойи ҳодиса ба ҷуз ҷасади қочоқбар, як адад автомати Калашников бо панҷ тирдон ва 137 тир, ду телефони ҳамроҳ ва 12,5 кило маводи мухаддири бангдона дарёфт шудааст.
Бино ба маълумоти хадамоти махсуси ҷумҳурӣ, ин қочоқбар қаблан чандин маротиба ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур ва ба қаламрави Тоҷикистон ворид гардида, мунтазам ба интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон машғул будааст.
«Моҳи январи соли ҷорӣ маҳз Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳаммадназар ва ҳаммаслакони ӯ дар қаламрави ноҳияи Фархор ба задухӯрди мусаллаҳона бо марзбонони тоҷик пардохта, дар ин задухӯрд марзбони тоҷик, сарбози 19-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Фахриддин Қозизода ба ҳалокат расида буд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки дар роҳандозии фаъолияти ҷинояткорона ин қочоқбари афғон бо шаҳрванди Тоҷикистон, сокини 35-солаи шаҳри Кӯлоб Ҳабибулло Маҳмудов, ки айни замон ба ҳабс гирифта шудааст, ҳамкорӣ доштааст.
«Хадамоти махсуси Афғонистон Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳаммадназарро ҳамчунин дар ташкили қатли афроди маъруф дар кишвар гумонбар медонанд», - афзуд манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста