Дар ҳошияи сафари дурӯзаи корӣ ба Маскав котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо ҳамтои русиягии худ Николай Патрушев дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Шӯрои амнияти Русия, зимни мулоқот масоили муҳими таъмини амнияти минтақавӣ ва байнулмилалӣ, аз ҷумла муқовимат ба имкони таҳдиду ситезаҷӯиҳо аз Африқои Шимоливу Шарқи Наздик ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар вохӯрӣ ба ҷараёни иҷрои қарорҳои иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, аз ҷумла расонидани кумак ба Тоҷикистон дар таҳкими марзи давлатӣ бо Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, ҷонибҳо зарурати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ҳам дар доираи СААД ва ҳам дар асоси муносибатҳои дуҷонибаро таъкид намуданд.
Зикр гардид, ки Русия ба Тоҷикистон мудом дар самти мубориза бо мухаддирот кумак расонида ба туфайли он нимсолаи аввали соли равон Агентии зиддимухаддиротии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52% бештар маводи нашъовар мусодира кардааст.
Гуфта мешавад, дар доираи ин сафар бо иштироки намояндагони ВКХ, Вазорати мудофиа, Хадамоти федералии амният, Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовар ва Хадамоти марзбонии Русия машваратҳои коршиносони Шӯрои амнияти Русияву Тоҷикистон доир гардида, намояндагони Тоҷикистон бо таҷрибаи кори дастгоҳи Шӯрои амнияти Русия оид ба масоили тарҳрезии стратегӣ, ошкор ва разёбии таҳдид ба амнияти миллӣ дар бахши иқтисод, амнияти иттилоотӣ, рушди комплекси саноати низомӣ аз наздик ошно гардиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста