Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ду нафар занон, сокинони ин шаҳр талаб кардаанд, ки дар бораи сабаби ба ҷонибдории номзад ба мансаби президентӣ аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова имзо гузоштанашон баёнот нависанд.
Роҳбари шуъбаи кор бо занони бахши ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб Мукаррама Ҳабибова ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки корманди КДАМ бо номи Парвиз Назаров ба хонаи ин ду хоҳарон, воқеъ бо суроғаи кӯчаи Борбад 21, ҳуҷраи 36 омада, ба масъалаи чӣ гуна «бидуни ҳарос имзо гузштани онҳо ба ҳама гуна ҳуҷҷати ба онҳо пешниҳодшуда» мароқ зоҳир намудааст.
Ба гуфтаи Ҳабибова, ба саволи кормандони мақомоти амният хоҳари калонӣ Фирӯза посух додааст, ки онҳо на ба «ҳама гуна ҳуҷҷат», балки ба варақаи «ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзад ба мансабаи президентӣ имзо гузоштаанд, ки аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб тасдиқ шудааст».
Зикр гардид, ки дар идома корманди КДАМ аз хоҳарон, ки 22 ва 24-сола мебошанду аз падару модар маҳрум мондаанд, дархост кардааст, ки ба мақомот омада, оид ба ин масъала баёнот нависанд ва муддати ду рӯз аст, ки тариқи телефон хоҳаронро боисрор ба суҳбат даъват мекунад.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки пас аз интихоботи президентӣ рӯйхати имзоҳои ба ҷонибдории номзад аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова ҷамъоваришуда сӯзонида хоҳад шуд . «Мо намехоҳем, ки имзоҳо ба дасти шахсони бегона афтанд. Зимни маъракаи имзоғундорӣ дар чанде аз минтақаҳо ҳукуматдорон талаб карданд, ки онҳоро ба варақаҳои ҷамъоварии имзоҳо шинос намоем, якчанд варақаҳо дарронидаву гум шуданд», - иброз дошта буд Маҳмадалии Ҳайит, роҳбари ситоди пешазинтихоботии номзад Ойниҳол Бобоназарова.
Қобили зикр аст, ки то субҳи рӯзи 11-уми октябр номзад аз ҲНИТ ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова миқдори зарурии имзоҳо ба ҷонибдории худ – 210 ҳазор имзоро ҷамъоварӣ карда натавонист. Роҳбари дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев хабар дод, ки номзади ҲНИТ Бобоназарова аз маъракаи интихоботӣ хориҷ карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста