Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси сафорати Русия дар Тоҷикистон вохӯрии сафири ин кишвар дар ҶТ Игор Лякин-Фролов бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рамазон Раҳимов доир гардид.
Тавре дар иттилоияи сафорати Русия дар Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, зимни мулоқот масоили ҳамкории бевоситаи дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар ва ҳамчунин ҳамкориҳо дар доираи ИДМ, СААД ва СҲШ баррасӣ шуданд.
«Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сатҳи ҳамкориҳо бо шарикони русиягиро дар тамоми самтҳо, аз ҷумла, мубориза бо ифротгароӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ, ҷустуҷӯи ҷинояткорон ва ҳамчунин кӯмаки Русия дар омода ва бозомӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилии ҶТ дар муассисаҳои таълимии низоми ВКД Русияро мусбат арзёбӣ намуд», - гуфта мешавад дар иттилоия.
Зимнан зикр мегардад, ки ҷониби Тоҷикистон шаклҳои ҳамкорӣ ба монанди баргузории коллегияи солонаи муттаҳидаи ВКД ҳарду кишвар ва ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ-ро пурсамар арзёбӣ намудааст, ки қарорҳои қабулшуда дар онҳо ба фаъол гардидани табодули маълумоти фаврӣ, беҳбуди самаранокии чорабиниҳои муштараки фаврии пешгирӣ ва ҷустуҷӯи афроди таҳти пайгарди байнидавлатӣ қарордошта мусоидат мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста