Ҳукумати Тоҷикистон ба барқарор намудани манзилҳои аз заминларзаи рӯзи 10-уми ноябр осебдидаи сокинони шаҳри Ваҳдат оғоз кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов хабар дод, рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта БДА «Амонатбонк» сохтмони ду манзили зист барои сокинони зарардидаро шурӯъ намуд.
То имрӯз аз ҷониби комиссия оид ба бартараф кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба сокинони осебдида бар асари заминларза 13 тонна орд, 6,5 тонна шакар, 6,5 тонна биринҷ, 2,6 тонна маснӯоти макаронӣ, 2,6 ҳазор тонна равғани растанӣ, 160 адад хаймаҳо, 160 адад оташдон ва ғайра кӯмак расонида шуд.
Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи зилзилае, ки субҳи 10-уми ноябр дар Ваҳдат рух дод, 118 оила бе манзили зист монда, боз 259 хонаи истиқоматӣ қисман валангор гашт. 12 нафар захмҳои гуногун бардоштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста