Ҳайати байниидоравии Русия бо иштироки Ҳамоҳангсози доимии СММ, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев дар доираи сафари расмӣ ба Тоҷикистон аз Маркази миллии таълимии хадамоти кинологии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, Мақсади сафари ҳайат аз баҳодиҳии натиҷаҳои азхудкунии кӯмакҳо барои рушд, ки аз ҷониби сохторҳои СММ татбиқ шудаанд, инчунин муайян кардани рушди ҳамкориҳои минбаъда иборат мебошад.
Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров дар бораи фаъолияти Агентӣ, сатҳи ҳамкориҳо бо мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ба аъзоёни ҳайат нақл кард.Роҳбари АНМН ба меҳмонон маълумот дод, ки дар Маркази таълимии мазкур то имрӯз на танҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, балки кормандони зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ савияи дониш ва малакаи касбии худро такмил доданд.
Ҳамзамон, ҳайат бо сохтор ва фаъолияти Маркази кинологӣ, инчунин фаъолияти сагҳои хизматӣ дар ошкор намудани маводи нашъаовар шинос шуд.Директори АНМН инчунин қайд кард, ки дар айни замон сохторҳои гуногуни СММ ва кишварҳои маблағгузор пешниҳодро ҷиҳати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Маркази таълимӣ оид ба бозомӯзии кормандони сохторҳои зиддимухаддиротии ҶТ ва ҶИА мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Роҳбари АНМН диққати иштирокчиёни ҳайатро ба ҳамкориҳои байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, алалхусус дар доираи Созишномаи баимзорасидаи соли гузашта миёни ХНММН ФР ва АНМН ҶТ равона намуд, ҳамзамон оид ба ҳиссаи ҶТ дар масъалаҳои мубориза бо мухаддирот дар минтаъқаи Осиёи Марказӣ муфассал нақл кард.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки ҳамкориҳои минбаъда дар доираи лоиҳа ва Барномаҳои СММ боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста