Чанде аз ниҳодҳои ҳукуматии шаҳри Исфара ҳамроҳ бо имоми масҷиди маҳалла баъди хуруҷи Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ва вакили МН аз деҳаи Чоркӯҳи Исфара ба хонае, ки соҳиби он Муҳиддин Кабирӣ ва ҳайати наҳзатиро мизбонӣ карда буд, рафта, соҳиби хонаро мавриди фишор қарор доданд.
Субҳи рӯзи 21-уми ноябр Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ва вакили МН ба аёдати хонаводаҳои Тоҷиев Умедҷон ва Иброҳимов Зуҳур, ду узви боздоштшудаи ҳизб аз деҳаи Чоркӯҳи Исфара рафта буд. Муҳиддин Кабирӣ ба аҳли хонаводаи онҳо изҳори ҳамдардӣ намуда, гуфт, ҲНИТ барои ҳимоя аз Зуҳур ва Умедҷон аз ҳама имкониятҳо дар чорчӯби қонун истифода хоҳад кард.
Қаблан Муҳиддин Кабирӣ изҳор намуда буд, ки ба унвони прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дархости вакилӣ ирсол намудааст, ки дар он санҷиши изҳороти адвокатҳо дар матбуот дар мавриди ҳолатҳои истифодаи шиканҷа аз ҷониби кормандони милисаи шаҳри Исфара нисбати аъзои боздоштшудаи ҲНИТ Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов хоҳиш карда мешавад.
«Агар имкон даст диҳад, ман аз тавқифгоҳи муваққатии Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Исфара низ боздид карда, бо узви ҲНИТ У.Тоҷиев дидору гуфтушунид карданиам», - иброз дошта буд Муҳиддин Кабирӣ.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, 21-уми ноябр як гуруҳ аз маъмурони бахши ШКД-2 дар ин ноҳия, намояндаи Раёсати танзими ҷашну маросимҳои ноҳия ва ҳатто намояндаи “Барқи Тоҷик”-и ноҳия ҳамроҳ бо имоми масҷиди деҳаи Чоркуҳ ба хонае, ки Муҳиддин Кабирӣ бо ҳайати ҳамроҳ бо ӯ дар он шаби гузаштаро сипарӣ намуданд, рафта, соҳиби хонаро мавриди тафтиш қарор доданд. Ин намояндагони ҳукуматӣ аз соҳиби хона пурсиданд, ки барои чӣ ва чӣ хел роҳбар ва намояндагони ҳизбро меҳмондорӣ намуданд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии ҳизб, ки дар ҳоли ҳозир Муҳиддин Кабириро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад, рафтани намояндагони ҳукуматӣ ба хонаи мизбонро фишори навбатии мақомоти маҳаллӣ хонд. Сайфуллозода гуфтааст, Муҳиддин Кабирӣ зимни суҳбат бо раиси ҳукумати шаҳри Исфара ин иқдоми ахири мақомоти маҳаллиро ба раиси ҳукумат расондааст.
Сомонаи расмии ҳизб дар ин робита ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 21-уми ноябр Муҳиддин Кабирӣ барои дидор бо Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов ба бинои СИЗО-и шаҳри Хуҷанд ворид шудааст, аммо ба сабаби набудани раиси СИЗО мулоқот бо онҳо ба таъхир уфтодааст. Мақомоти зидахл сабаби сурат нагирифтани мулоқотро дар набудани раиси ин ниҳод гуфтанд ва ваъда доданд, ки имрӯз, 22-юми ноябр мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо онҳо сурат хоҳад гирифт.
Гуфта мешавад, ҳамчунин, баъди вохурии роҳбари ҳизб бо прокурори шаҳри Исфара ва масъулони баландпояи мақомоти маҳаллӣ, мақомоти марбута ваъда додаанд, ки ба аҳли хонаводаҳои Тоҷиев ва Иброҳимов рӯзи душанбеи оянда (25-уми ноябр) иҷоза хоҳанд дод, ки бо онҳо вохурӣ намоянд. Ҳарчанд, мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки ба онҳо аз тарафи хонаводаҳои боздоштшудагони мазкур ягон дархости расмӣ барои мулоқот то он замон нарасидааст, вагарна онҳо монеъи чунин вохурӣ намешуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста