Бо ташаббуси “Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷингояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он барои солҳои 2011-2014” аз 30 ноябр то 2 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конференсия оид ба ҳамкории Афғонистон ва Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир ва пешрафти ҳайёти солим баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, дар Конфронси мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муовини вазири корҳои дохилӣ Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муовини вазири мубориза бар зидди маводи мухаддир Шерзод Ҳорун, раиси вилояти Бадахшон Шоҳ Вали Адиб ва дигар сарони қавмии вилоятҳо ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Инчунин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Ситод, сардори Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, сардори раёсатҳои дар РАНМН ВМКБ ва Хатлон, сардорони шӯъбаҳои ноҳияи Ишкошим ва шаҳри Кулоб, кормандони шӯъбаи равобит бо ҷомеа ва шӯъбаи байналмилалӣ ва таъминоти ҳуқуқии Ситоди Агентӣ, корманди ВКД ҶТ, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва сарони қавмии ВМКБ иштирок намуданд.
Ҳар як иштирокчии конфронс оид ба мавзӯи рӯз баромад намуда, оид ба вазъи нашъамандӣ, чорабиниҳое, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди маводи мухаддир дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва ноҳияҳои наздисарҳади мегузаронанд, қайд карда гузаштанд.
Мақсади асосии Конфронси мазкур ин мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сарони қавмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар самти пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бар зидди маводи мухаддир буд.
Дар ҷараёни конфронс аз ҷониби иштирокчиён оид ба мавзӯи марбут як чанд таклифу пешниҳод шуд. Ҳамзамон барои амалӣ намудани чорабиниҳои пешниҳод гардида, тавсия дода шуд, ки аз ҷониби иштирокчиён ва мутахассионе, ки бевосита дар самти пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бар зидди маводи мухаддир фаъолият мекунанд, гурӯҳи корӣ ташкил карда шавад.




Кортҳо зери назорат: чӣ гуна Душанбе Сити Бонк истифодаи кортҳо аз ҷониби бегонаҳоро пешгирӣ мекунад?
Дар Душанбе барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ маркази омӯзиши забони кореягӣ боз шуд
Нархи гӯшт дар кишвар чӣ гуна муайян мешавад ва чаро ҷаримаи гӯштфурӯшон мушкилро ҳал намекунад?
Даҳ варзишгари беҳтарини соли 2025 аз нигоҳи Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон
Ба Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой тақдим шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Медал”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Дар Тоҷикистон барномаи панҷсолаи рушди нерӯи барқ қабул шуд. Вазъи таъмини барқ беҳтар мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2025
“Хокаи ангишт ба ҷойи ангишт”. Шикояти сокинони Суғд аз гароншавии нархи ангишт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста