Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон амалиёти махсус гузаронида, фаъолияти як гурӯҳи мутташакилро қатъ намуд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар доираи назорати кормандони Агентӣ яке аз аъзоёни фаъоли ин гурӯҳ сокини 19 солаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон афтод, ки кӯшиши фурӯхтани маводи нашъаоварро мекард. « Дар вақти дастгир намудан аз ӯ як пакети селофанӣ бо маводи хамирмонанди ранги ҷигарриранг дошта бо бӯйи махсус ёфт ва мусодира гардид», - омаддаст дар хабари Агентӣ.
Ба иттилои манбаъ, мутобиқи ташхиси лабораторияи судии Агентӣ маводи мусодирашуда воситаи нашъаовари навъи афюн буда, назорати фаврии махфӣ аз болои иштирокчии ин гурӯҳ имкон дод, ки дигар аъзо ва роҳбари гурӯҳи нашъаҷаллобонро муайян ва дастгир намоянд.
«Онҳо мехостанд, ки маводи нашъаоварро, ки бо таври қочоқ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба даст овардаашонро тариқи ҷумҳурии мо ба ҳудуди Федератсияи Россия интиқол намоянд», - гуфта мешавад дар иттилоъ.
Зимнан зикр мегардад, ки дар асоси маълумотҳои ҷамъшуда дар ҳудуди ҷамоати Даркади ноҳияи Фархор даври ниҳоии амалиёт гузаронида шуда, дар натиҷа як аъзо ва роҳбари ин гурӯҳи ҷиноятпеша дастгир карда шуданд.
«Аз хонаи истиқоматии роҳбари гурӯҳ кормандони оперативии Агентӣ як халтаи селофанӣ бо афюн, ки вазнаш қариб 2 кг буд ёфт ва мусодира намуда, аз рӯйи ин ҳодиса нисбати шаҳрвандони дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва онҳо ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққаттии Агентӣ ворид карда шудаанд», - хабар медиҳад Агентӣ.
Гуфта мешавад, айни замон дар доираи парвандаи ҷиноятии оғозшуда чорабиниҳои тафтишотӣ-оперативӣ барои муайян намудани дигар шахсони ба ин амал даст дошта идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста