Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дошт, боздошт намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД ФР дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Лениград, субҳи рӯзи 12-уми декабри соли равон зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар вокзали Ладога, кормандони пулис шаҳрванди 33-солаи тоҷикро, ки дар ватанаш ба содир намудани ҷиноят гумонбар дониста мешавад, дастгир ва ҷиҳати нигаҳдорӣ ба тавқифгоҳи муваққатии шуъбаи пулис овардаанд.
Гуфта мешавад, боздоштшуда шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон Умар Неъматов будааст, ки мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор доштааст.
Зимнан зикр мегардад, ки боздоштшуда дар ватанаш ба содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 307-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) гумонбар дониста мешавад. Ташаббускори ҷустуҷӯ Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон зикр шудааст.




Ҳамдардии сокинони Остонаву Бишкек дар робита ба куштори Қобилҷон Алиев
Амрико барномаи “Green Card”-ро муваққатан боздошт
"Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон" ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ карданд
Воридоти панелҳои офтобӣ то соли 2031 аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад
“Амнияти хонандагони тоҷик бояд ҳифз шавад”. Мактуби вазири маорифи Тоҷикистон ба ҳамтои русаш дар робита ба қатли Қобилҷон
Эмомалӣ Раҳмон бо императори Ҷопон дидор кард
Иқтисоди кадом кишварҳо бештар ба интиқоли пул аз муҳоҷирон вобаста аст?
AD Ports Group ва Авесто Гурӯҳ дар Тоҷикистон корхонаи нави муштараки логистикӣ таъсис медиҳанд
Филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” ба ду ҷашнвораи байналмилалии синамо роҳ ёфт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста