Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марзи давлатӣ то имрӯз аломатгузорӣ дар беш аз 500 километри марзро ба итмом расонид, ки тақрибан 50%- аз масофаи умумии марзи байни кишварҳоро ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи ҷумҳурӣ Муҳаммадтоҳир Зокиров хабар дод.
Ба қавли ӯ, комиссияи байниҳукуматии кишварҳо оидиба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ аз соли 2002 ва ғайр аз ин, комиссияи байнидавлатии ҷонибҳо дар сатҳи баланд низ дар ин самт амал мекунанд, ки тамоми маҷмӯи муносибатҳои миёни кишварҳоро баррасӣ мекунанд.
«Имрӯз дар Исфараву Ботканд комиссияи муштарак роҳу воситаҳои раҳоӣ аз вазъи муташанниҷ дар марзро ҷустуҷӯ дошта, пас аз хар як вохӯрӣ комиссия ба ҳукумати кишварҳо ҳисобот медиҳад», - иброз дошт ӯ.
Зокиров изҳор кард, ки то имрӯз комиссия нақшаи кори худ барои соли 2014-ро тасдиқ намуда, ҷонибҳо дар кори худ ба ду ҳуҷҷати «сарнавиштсоз» - ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва санади соли 1989 дар бораи муайян кардани марзҳо такя мекунанд. «Имсол комиссия ба аломатгузорӣ дар қитъаҳое наздик омад, ки сари он ҳанӯз аз солҳои 20-уми қарни гузашта баҳсҳо миёни ҷонибҳо идома доранд», - қайд кард вай.
Раиси Кумита аз намояндагони ВАО даъват кард, ки дар инъикоси масоили баҳсии марз мулоҳизакорона рафтор намуда, онҳоро якҷониба баррасӣ накунанд ва танҳо ба далелҳои аз ҷониби комиссия эълоншуда такя намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста