Ром Сувайд, муаллифи як мавод дар расонаи хабарии арабии «Elaph» иттилоъ додааст, ки дар даргириҳои низомии Сурия як навраси 9-солаи тоҷик Аҳмад ширкат варзида, ба ҷуз забони модарии худ – тоҷикӣ, забонҳои туркӣ, арабӣ ва русиро низ балад аст.
«Аҳмад барои ҷангиёне, ки аз Чеченистону Туркия ва дигар кишварҳо барои ҷангидан ба Сурия омадаанду забони арабиро намедонанд, ба сифати тарҷумон кор мекунад», - навиштааст муаллифи мақола ва илова намудааст, ки дар вақтҳои холӣ наврас бо ҳамсолони худ ба бозӣ машғул аст.
Ба иттилои муаллифи мавод, дар манотиқи гуногуни Сурия дар урдӯгоҳҳои хурду бузург кӯдакону наврасон ба омӯзиши малакаҳои ҷангӣ машғуланд. Ром Сувайд таъкид месозад, ки айни замон дар сафҳои ошӯбгарон кӯдакон аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Малайзия ҳузур доранд.
Бино ба маълумоти расонаҳои Сурия, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия тақрибан 190 нафар аст. Ахири соли гузашта Суди олии Тоҷикистон се нафар шаҳрванди кишварро барои иштирок дар ҷанги шаҳрвандии Сурия дар сафҳои мухолифин ба 2 соли зиндон маҳкум намуд. Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷумҳурӣ қаблан изҳор намуда буд, ки тайи солҳои ахир дар низоъҳои Афғонистону Покистон ва Сурия 14 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста