Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Али Муборак ал-Муҳаннадӣ вохӯрӣ доир намуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, зимни мулоқот Рамазон Раҳимов қайд намуд, ки ҳарчи зудтар ба имзо расонидани лоиҳаи Созишномаи қаблан коркардшуда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оиди ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амният ба густариши ҳамкориҳои судманд мусоидат хоҳад кард. «Баъди ба имзо расидани лоиҳаи мазкур муносибатҳои дуҷониба боз ҳам равнақу ривоҷ ёфта, ҳамкориҳо таҳким хоҳанд ёфт», - иброз дошт вазир.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин масъалаҳои мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси ҳамкориҳои судманд оид ба мубодилаи иттилоот ва омода намудани кадрҳои ҷавон ибрози назар карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста