Ахиран аз шаҳрвандони тоҷик оид ба монеъаэҷодкуниҳо нисбати онҳо дар убури марзи Қазоқистону Қирғизистон ба сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон шикоятҳо мерасанд.
Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов ба ОИ «Азия-Плюс» воқеъан зиёд шудани чунин шикоятҳо тайи чанд рӯзи ахирро тасдиқ намуда, дар ин маврид изҳор намуд, ки зимни убури марзи Қазоқистону Қирғизистон ҳамсарон, ки зан шаҳрванди Қирғизистону мард шаҳрванди Тоҷикистон аст, як духтари тоҷикистонӣ ва ҳамчунин 8 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ин ҳолат дучор шудаанд.
«Бо мусоидати консул аз ин 11 нафари зикршуда, ба 10 нафар барои убури марз иҷозат ва як нафарро иҷозат надоданд. Мутаассифона, дирӯз низ боз ба ду шаҳрванди Тоҷикистон убури марзи Қазоқистону Қирғизистонро манъ кардаанд», - гуфт сафир.
Ба қавли Раҳим Олимов, дар ин ҳолатҳо марзбонон сабаби чунин амалро мушаххасан шарҳ надода, мегӯянд, ки «ба онҳо дар ин хусус аз мақомоти марзбонӣ супориш расидааст». «Чанде қабл консули мо ба Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон рафт, вале он ҷо ӯро қабул накарда, ба хадамоти минтақавии Бишкек фиристодаанд. Мақомоти раҳбарии он гуфтааст, ки онҳо ба ҳалли ин масъала салоҳиятдор нестанд», - иброз дошт Р.Олимов.
Сарфи назар аз вазъи мавҷуда ва барои ба вуҷуд наомадани шароити номусоид барои ҳамватанон, сафорат ният надорад, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо дархости муваққатан худдорӣ варзидан аз сафар ба Қирғизистон огоҳиномаи расмӣ инишор намояд.
«Ба ҷуз огоҳиномаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи муваққатан баста шудани марзи Қирғизистону Тоҷикистон, ба мо дар бораи манъи убури марзи Қазоқистону Қирғизистон аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дигар ҳеҷ санади хаттие нарасидааст. Ман фикр мекунам, ки барои ҳалли ин масъала вақт лозим аст. Мо дар ин хусус ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон муроҷиат ва аз онҳо дархост кардем, ки ба ин гуна мушкилот расидагӣ кунанд. Умедворам, ки рӯзҳои наздик ин масъала мусбат ҳаллу фасл мешавад», - афзуд сафир.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста