Соли 2013 дар вилояти Хатлон се ҳодисаи одамрабоӣ ба қайд гирифта шуд, ки ду ҳодиса ошкор ва як ҳолати дигар зери назорат қарор дорад.
Бино ба гуфти муовини аввали сардори РВКД дар вилояти Хатлон Толиб Назаров, дар ноҳияи Ёвон донишҷӯи курси сеюми омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе Фирӯза Халимова ба гумони рабудани фарзанди ноболиғи сокини ноҳияи Ёвон Қурбонова Азиза дастгир шуда, кӯдак ба модараш баргардонида шуд ва Фируза Ҳалимова ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.
«Як ҳолати дигари одамрабоӣ дар ноҳияи Қубодиён ошкор карда шуда, зане, ки кӯдакро рабуда буд, аз тарафи суди ноҳия ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд», - иброз дошт Т. Назаров.
Ба қавли ӯ, ҳолати дигаре, ки то ба имрӯз нокушода боқӣ мондааст, ба ҳодисаи аз ҷониби гуруҳи силоҳбадастони афғон иборат аз 6 нафар рабуда шудани сокини ин ноҳия Бекмат Баротов рабт дорад, ки баъдан аз падараш тариқи телефон 20 ҳазор доллари амрикоӣ талаб мекунанд. «Оид ба ин ҳодиса дар раёсати амнияти миллии минтақаи Кӯлоб парванда оғоз гардида, он зери назорат аст»,- гуфт муовини сардори РВКД.
Зимнан зикр гардид, ки дар соли 2013 дар вилояти Хатлон дар маҷмуъ 3725 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2012 652 ҳолат зиёд буда, фоизи кушодашавии ҷиноят 91,1%-ро ташкил медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста