Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлонро болоравии сатҳи ҷиноят миёни ноболиғону ҷавонон ба ташвиш гузоштааст.
Чуноне муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон Толиб Назаров изҳор дошт, соли 2013 дар қаламрави вилоят 185 ҳолати даст ба ҷиноят задани ноболиғону ҷавонон ва сарбозони қисми ҳарбии мустақар дар қаламрави вилоят ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс бо соли 2012 90 ҳолат зиёд мебошад.
«Ин ҳолат моро ба ташвиш гузоштааст ва баҳри пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва сарбозони қисмҳои ҳарбӣ аз ҳисоби намояндагони РВКД, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти прокуратура ва гарнизони ҳарбии Қӯрғонтеппа гуруҳи кории муштарак ташкил намудем», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли номбурда, аз ҷониби ин гурӯҳ дар мактабҳои миёна, донишгоҳҳо, омӯзишгоҳҳо ва қисмҳои ҳарбӣ вохӯрию суҳбатҳо гузаронида мешаванд, ки ҳадаф аз онҳо пешгирии ба ҷинояткорӣ рӯ овардани ноболиғону ҷавонон аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста