Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар ВМКБ се амалиёти муваффақона доир намуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 57 кило маводи нашъаоварро мусодира намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, зимни амалиёти якум дар ноҳияи Шуғнон бо қочоқчиёни афғон задухӯрди мусаллахона сурат гирифта, бо истифода аз торикии шаб қочоқчиён ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурдаанд ва дар ҷойи ҳодиса 32 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт шудааст.
«Дар амалиёти дигар дар қаламрави ноҳияи Рӯшон марзбонон як шаҳрванди Афғонистонро боздошт ва аз ҷойи ҳодиса 11 кило ҳашиш, таппончаи Макаров ва воситаи шинокуниро дарёфт ва мусодира карданд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни амалиёти сеюм боз дар ноҳияи Шуғнон қочоқчиён рӯ ба гурез оварда, аз ҷойи ҳодиса 13,5 кило маводи мухаддирро дарёфт шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста