Рӯзи 4-уми феврали соли равон муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Бунафша Одинаева бо ҷаноби Стивен Фагин – директори шӯъбаи масъалаҳои минтақавии Бюрои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубии Департаменти Давлатии ИМА мулоқот анҷом дод.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ гардиданд. Инчунин вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ҳамкорӣ бо афсарони алоқаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки бо афсарони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар масъалаҳои пешгирии қочоқи маводи нашъаовар робитаҳои зич доранд, муҳокима гардиданд.
Гуфта мешавад, инчунин масъалаҳои ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дурнамои рушди АНМН мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷаноби Фагин ба кӯшишҳои Агентӣ дар самти ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои баланд дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста