Се гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон, ки ба баррасии масоили марзӣ, аз ҷумла аломатгузорӣ дар марз ва истифодаи роҳҳои наздимарзӣ шурӯъ намуданд, аз қитъаҳои баҳсноки марзи давлатӣ дар самти Исфара боздид карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, кори ин гурӯҳҳо то 10-уми феврал идома ёфта, пешниҳодҳои ҷонибҳо дар ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, ки нимаи моҳи феврал дар шаҳри Исфара доир мегардад, баррасӣ мешавад.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, гурӯҳҳои зикршуда барои амалисозии бандҳои протоколҳо, ки зимни гуфтушуниди рӯзҳои 30-31-уми январи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон таҳти сарварии муовинони сарвазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов дар Бишкек ба имзо расида буданд, таъсис дода шуданд.
Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта, 5-уми феврал гурӯҳҳо ба баррасии масоили ба зиммаи онҳо вогузоршуда шурӯъ карданд. Аз ҷониби Тоҷикистон гурӯҳи масоили низомӣ ва марзиро ёвари президент оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, оид ба масоили аломатгузорӣ дар марзро раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезия Маҳмадтоҳир Зокиров ва гурӯҳ оид ба истифодаи роҳҳои наздимарзиро вазири нақлиёт Хайрулло Асоев роҳбарӣ мекунанд.
«Ҳайати Тоҷикистон бовар дорад, ки фаъолияти гурӯҳҳои кории ҷонибҳо ба ҳалли мусолиматомези масъалахои баҳснок ва таҳкими ҳамкории наздимарзии кишварҳо дар рӯҳияи ҳамҷаворӣ ва дӯстии анъанавӣ мусоидат мекунад», - итттилоъ медиҳад ВКХ ҶТ.
Ҳайати Қирғизистонро коршиноси котиботи намояндаи махсуси ин кишвар оид ба масоили марзӣ Б.Абдураимов сарварӣ кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста