Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 4-уми феврал дар қитъаҳои баҳсноки марз ба таҳқиқи сабабҳои ҳодисаи муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ миёни марзбонони кишварҳо машғуланд, то 10-уми феврал тафтиши ин қазияро ба анҷом расониданианд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳайати Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба гуфтаи ӯ, қабл аз оғози тафтиши муштарак ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки натиҷаҳои он ифшо нахоҳанд шуд, аз ҷумла барои матбуот низ. «Аз ин рӯ, мо имрӯз гуфта наметавонем, ки ин ҳодиса бо истифода аз силоҳи оташфишон дар қаламрави кадом кишвар сурат гирифтааст», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, феълан гурӯҳҳои корӣ аз ҷониби марзбонони кадом кишвар нахуст оташкушоӣ аз силоҳро таҳқиқ доранд. «Барои ин мо бо сокинони маҳаллӣ, марзбонони ҳарду кишвар ва шоҳидони тасодуфӣ суҳбат мекунем», - афзуд сарчашмаи хабар.
Дар ҳамин ҳол, дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» прокурори вилояти Суғд Шариф Қурбонов дар ин робита зикр кард, ки тибқи санҷиши дар ҷойи ҳодиса доиргардида метавон бидуни шубҳа ба хулоса расид, ки тирпарронӣ дар қаламрави аз ҷониби Қирғизистон эътирофшудаи Тоҷикистон рух дод. «Ин далел бебаҳс аст», - таъкид дошт прокурор.
Дар идома Қурбонов изҳор кард, ки айни замон ин ҳодисаро Сарпрокуратураи низомии Тоҷикистон тафтиш мекунад ва ӯ аз хулосаҳои онҳо огаҳӣ надорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста