- Ҳарчанд ташхиси судиву тиббӣ дар бораи ба иллати бемории дил фавтидани узви фаъоли ҲНИТ Умедҷон Тоҷиев дар тафқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд хулоса пешниҳод карда бошад ҳам, Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба санҷиш аз рӯйи ин далел идома медиҳад», - иброз дошт зимни нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода.
«Марги ҳар як шахс таассуфовар аст ва бахусус агар он дар муассисаи ислоҳӣ рух дода бошад», - зикр кард Салимзода.
Дар идомаи ин масъала прокурори генералӣ қайд кард, ки дар ҷараёни санҷиши прокурорӣ муайян карда шудааст, ки У.Тоҷиев ахири моҳи октябри соли гузашта ба гумони узвият дар ташкилоти террористӣ ва ифротгароӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Исфара боздошт шудааст.
«Дар ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноии дар ин маврид бозгардида Тоҷиев бо мақсади фирор аз ошёнаи сеюми бинои ШВКД худро ба берун партофта, аз пояш ҷароҳат бардоштааст», - гуфт Салимзода шарҳи маъмулӣ дар ин хусусро.
Номбурда ҳамчунин гуфт, аз рӯи ин далел мақомоти прокуратура нисбати баъзе аз кормандони милисаи шаҳри Исфара тибқи моддаи 322-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Хунукназарӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтиш идома дорад.
Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2013 сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, генерал-майори милиса Шариф Назаров низ дар мавриди ин масъала изҳор намуда буд, ки Умедҷон Тоҷиев ба иллати бемории дил фавтидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста