Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Фармондеҳии марказии ИМА (ARCENT) генерал-лейтенант Ҷеймс Терри дирӯз бо мақсади муҳокимаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масоили амният бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми сафари хеш генерал Терри бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот онҳо масоили марбут ба ҳамкории бефосилаи ҳарбӣ байни ИМА ва ҶТ, минҷумла ҳамкории Қӯшунҳои хушкигарди Фармондеҳии марказӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд.
Гуфта мешавад, генерал Терри ва ашхоси баландмақоми ҳарбӣ инчунин саҳми Қӯшунҳои хушкигарди Фармондеҳии марказиро дар таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ қайд намуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста