Чанде қабл Кумитиа давлати амнияти миллии Тоҷикистон тариқи шабакаҳои давлатии телевизион навореро ба намоиш гузошт, ки дар он дар бораи иштироки яке аз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар даргириҳои Сурия алайҳи ҳукумати Башор Асад маълумот дода мешавад.
Дар иттилоияи интишорнамудаи Кумита зикр мегардад, ки сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, зодаи ноҳияи Восеъ Баҳриддин Муъминов дар сафи гурӯҳҳои террористӣ алайҳи сохти конститутсионии Сурия ҷангидааст. «Волидайни Муъминов ва худи ӯ узви ҲНИТ буда, хоҳараш ҳамсари писари муассиси ҲНИТ, марҳум Саид Абдулло Нурӣ мебошад», - баён гардида буд дар навор.
Намояндагони КДАМ дар сюжети телевизионӣ таъкид намуданд, ки ҳанӯз соли 2010 Муъминов бо мақсади гирифтани маъоумоти динӣ Тоҷикистонро тарк карда, тавассути Туркия то Сурия расидааст ва дар он ҷо ба Донишгоҳи «Маъҳат дували-ул-улуми араби» дохил шудааст.
«Аз моҳи октябри соли 2011 то моҳи феврали соли 2012 ӯ дар сафҳои созмони террористии «Ҷабҳат- «Ҷабҳат-ун-Нусра», ки қаноти суриягии ташкилоти байналмилалии террористии «Ал-Қойида» маҳсуб меёбад, бо пардохти маблағи муайян дар муҳорибаҳои ҷангӣ зидди нерӯҳои мусаллаҳи ҳукуматии Сурия фаъолона иштирок намуда, чанд нафар аз ҳамсафони Баҳриддин дар ин амалиётҳо кушта шуданд», - изҳор карда мешавад дар иттилоия.
Зимнан зикр гардид, ки бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷиистон аз 18 декабри соли 2013 шаҳрванд Баҳриддин Муъминов бо дастрасии моддаи 187 қисм 2-и КҶ ҶТ аз озодӣ маҳрум карда шуд. Дар ин модда маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол пешбинӣ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста