Ҳайати комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузории марзи давлатӣ таҳти сарварии муовини нахуствазири кишвари ҳамсоя Токон Мамитов рӯзи якшанбе, 2-юми март ба Душанбе меояд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ба ҳайати Қирғизистон ҳамчунин сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаев низ шомил аст, ки баъди муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми март дар марзи давлатии кишварҳо ба Бишкек бозхонда шуда буд.
Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузории марзи давлатӣ рӯзи 3-юми март дар Душанбе баргузор мешавад.
Дар ҷаласаи комиссия Тоҷикистонро муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон ва аъзои гурӯҳи корӣ оид ба ҳалли мушкилоти марзӣ – ёвари президент оид ба масоили таъмини амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, раиси Кумитаи идоракунии замин ва геодезия Маҳмадтоҳир Зокиров ва вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Хайрулло Асоев намояндагӣ мекунанд.
Ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба масоили марзӣ миёни Душанбеву Бишкек пас аз муноқишаи мусаллаҳона дар марз, ки бар асари он 2 нафар марзбонони тоҷик ва 6 нафар намояндагони Қирғизистон захмӣ шуданд, фаъол шуд.
Вохӯрии охирини Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов санаи 14-уми феврал дар шаҳри Бишкек доир гардида, ҷонибҳо масоили истифодаи роҳҳо ва қитъаҳои замини наздимарзӣ ва ҳамчунин масоили марбут ба гузаргоҳҳои марзиро баррасӣ карда буданд.
Он замон Тоҷикистон ба ҳайати Қирғизистон таклифҳо оид ба ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои ҳаллу фасли мушкилотро пешниҳод намуд. Дар навбати худ ҳайати Қирғизистон изҳор дошта буд, ки дар фурсати кӯтоҳтарин пешниҳодҳоро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, тариқи роҳҳои дипломатӣ хулосахои худро ба ҷониби Тоҷикистон ирсол мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста