Ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев имрӯз дар шаҳри Исфара бо аҳолии деҳаи Хоҷаи Аъло ва ҷамоати Ворухи ҳаммарз бо Қирғизистон мулоқот кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар мулоқот бо сокинони ҷамоати Ворух масоили асосӣ ба мушкилоти аз ҷазирақаламрав (анклав) берун овардани ҷамоат марбут будаанд.
Ба иттилои манбаъ, Шералӣ Хайруллоев зикр кардааст, ки оид ба ҳалли ин масъала Тоҷикистон роҳу воситаҳои худро пешниҳод намуда, посухи Қирғизистонро интизор аст.
Ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ марҳилаи ахири гуфтушунидҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид таъин ва аломатгузорӣ дар қитъаҳои баҳсноки марзи давлатиро, ки рӯзи 3-юми март дар Душанбе доир гардиданд, умедворкунанда арзёбӣ карда, қайд кардааст, ки марҳилаи навбатии гуфтушунидҳо пас аз 15-уми март сурат мегиранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста