Санаи 18-уми марти соли 2014 дар қароргоҳи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Вена таҳти раисии Ю. Федотов – муовини Котиби генералии СММ вохӯрии Кумитаи роҳбарикунанда нисбати таҳияи барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя (Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) барои солҳои 2011-2015 баргузор гардид. Дар вохӯрӣ инчунин сафирон ва намояндагони кишварҳои маблағгузори барнома ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, натиҷаҳои таҳияи барнома муҳокима шуда, нақшаи таҳияи минбаъдаи барнома барои солҳои 2014-2015 тасдиқ гардид. Дар баромади худ Р. Назаров ба ҳозирин оиди чораҳои андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати таҳияи барнома итттилоот дода, самарабахшӣ ва таъсирнокии онро қайд намуд. Баъдан Директори Агентӣ диққати ҳозиринро ба зарурияти мустаҳкам намудани амнияти сарҳадӣ, баланд бардоштани таҷҳизоти техникии сохторҳои зиддимухаддиротии кишвар, инчунин ба зарурияти гузаронидани амалиётҳои муштараки байналмиллалӣ, аз ҷумла аз рӯи усули “интиқоли назоратшаванда”, оиди масъалаҳои омодасозӣ ва такмили ихтисоси кормандони сохторҳои мазкур ҷалб намуд.
Роҳбарияти Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, намояндагони кишварҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ – маблағгузорони лоиҳаи мазкур ба рафти таҳияи Барномаи минтақавӣ баҳои баланд доданд ва омодагии худро оиди давом додани маблагғузории Барнома баён намуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста