Сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев, ки дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) бистарӣ аст, шояд баъди як ҳафта аз беморхона ҷавоб дода шавад. Табибон тасдиқ мекунанд, ки давраи муолиҷаи Шаҳбол ба итмом расида, барои минбаъд дар беморхона нигоҳ доштани сарбоз имконият нест ва волидайни сарбоз бояд ӯро бо гардани шикаста ба хонаашон баранд.
Падари сарбози ҷабрдида Нуъмон Мирзоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки табибони марказ ба ӯ гуфтаанд, ки метавонад фарзандашро ба хона барад. «Вале ман намедонам, ки минбаъд ӯро ба кадом беморхона барам. Баъди се ҳафта низ вазъи писарам тағйир наёфтааст. Ҷарроҳии зарурӣ анҷом дода нашуд, чунки ин гуна ҷарроҳӣ дар кишвари мо гузаронида намешавад. Барои ҷарроҳӣ дар Олмон, Русия ё Эрон ман маблағ надорам», - мегӯяд ӯ.
Нуъмон Мирзоев зикр кард, ки табибони эронӣ вазнинии ҷароҳатро тасдиқ намуда, арзиши ин гуна ҷарроҳиро беш аз 64 ҳазору 400 евро гуфтаанд. «Ман ин қадар маблағ надорам ва барои рӯйпӯш кардани баъзе хароҷот барои муолиҷаи писарам маҷбурам, ки манзили якҳуҷрагиам дар Аштро фурӯшам», - иброз дошт падари сарбоз.
Ахири ҳафтаи гузашта фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, муовини аввали раиси КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба аёдати сарбози марзбони дар Маркази миллии тиббӣ бистаришуда Шаҳбол Мирзоев рафта буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста