Имрӯз маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид, ки то ахири моҳи май идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.
Соли равон Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ташкили даъват ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро муовини нахуствазир оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Марҳабо Ҷабборӣ роҳбарӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, соли равон ба «облава»-ҳо, яъне маҷбуран аз кӯча ба комисариатҳои ҳарбӣ бурдани ҷавонон хотима дода мешавад.
Муовини раиси комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ташкили даъват ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, сардори Раёсати тадорукотӣ-сафарбаркунии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ генерал-майор Хушвахт Мироваров қаблан ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буд, ки дар ин маъракаи даъват вазорату идораҳои дахлдор бештар ба корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ миёни даъватшавандагон ва волидайни онҳо таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард. «Мо ният дорем, ки муносибати манфӣ ба хизмат дар сафи Артиши миллиро тағийр диҳем, то ки мардум дар бораи артишу хизмати ҳарбӣ танҳо андешаи мусбат дошта бошанд», - иброз дошта буд ӯ.
Генерал эътироф карда буд, ки солҳои пешин барои иҷро кардани нақшаи даъват комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҷуз маҷбуран аз кӯча ба хизмат даъват кардани ҷавонон, дигар илоҷе надоштанд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор доранд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – нерӯҳои низомии зудамал, хушкигард, дифоъи зиддиҳавоӣ ва нерӯҳои низомии ҳавоӣ иборат аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста