- Ба кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай нерӯҳои беруна таҳдид доранд, ки ба роҳандозии «инқилобҳои ранга» ташаббус нишон хоҳанд дод, - изҳор кард вазир амнияти Чин Го Шэнкун зимни вохӯрии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмон дар Душанбе.
Ӯ қайд кард, ки нерӯҳои хориҷ бо истифода аз мухолифат ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ баҳри сарнагун сохтани ҳукумат ба роҳандозии мавҷҳои нави «инқилобҳои ранга» кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
«Ин ба соҳибистиқлолӣ ва амнияти кишварҳои минтақа хатари зиёд дошта, боиси нигаронии ҳамаи кишварҳои узви СҲШ аст», - гуфт вазири Чин.
Ба гуфтаи Го Шэнкун, баҳри муқовимат бо амалҳои дахолат ба корҳои дохилии кишварҳо муттаҳидсозии кӯшишҳо ва таҳияи тадбирҳои муштарак аз ҷониби кишварҳои СҲШ зарур аст. Ӯ даъват кард, ки идоракунии фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ пурзӯр ва ҳамчунин ба назорати шабакаҳои иҷтимоӣ тақвият бахшида шавад, то ки «бо мақсади таъмини сулҳу субот ва амният дар минтақа аз сенарияҳои такрори «инқилобҳои ранга» саривақт пешгирӣ карда шавад».
Қобили зикр аст, ки айни замон ба ҳайати СҲШ кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста