Рӯзи 18-уми апрел дар Душанбе байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, Ёддоштро вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва вазири амнияти ҷамиятии Чин Го Шенкун, ки имрӯзҳо бо сафари расмии дар Тоҷикистон қарор дорад, ба имзо расониданд.
«Мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро наметавон беҳамбастагӣ ва ҳамкориҳои сохторҳои дигар давлатҳо аз байн бурд, гуфт зимни мулоқот Раҳимзода. - Дар ин самт Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин яке аз сохторҳои пурқувват ва пешрафта маҳсуб ёфта, мо итминони комил дорем, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон шарики боэътимод хоҳад буд».
Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар самтҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризму ифротгароӣ, хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳони имрӯза, мубодилаи иттилоот ва пешгирии ҷиноятҳои кибернетикӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста