Дар тренинги имрӯза дар чаҳорчӯби лоиҳаи Барномаи рушди СММ таҳти унвони «Дастгирии идоракунии устувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе» методҳои идоракунии муассири ҳаракат дар роҳ ва ҷорисозии хати ҳаракат барои велосипедҳо мавриди омӯзиш қарор мегиранд.
Мушовири лоиҳа оид ба робита бо ҷомеа Нигора Остонова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки иштирокчиёни тренинг ҳамчунин бо таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ дар ин самт шинос хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи ӯ, дар чорабинии мазкур раҳбрияти КВД «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3», «Тролеейбус» ва ҳамчунин намояндагони ҳукумати пойтахт, КВД «Душанбенақлиётхадамотрасон», БДА-и пойтахт, мутахассисони пажуҳишгоҳи нақлиёт ва кормандони дигар ташкилотҳои манфиатдор иштирок мекунанд.
«Тренинг ба шиносоии наздик бо ҷузъҳои низоми идоракунии ҳаракат дар роҳ имкон фароҳам оварда, ба беҳбуди огаҳиву дониши ҳайати шахсии корхонаҳо дар ин самт мусоидат хоҳад кард», - зикр кард Остонова.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста