Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба сохторҳои дахлдори намояндагии дипломатӣ ҷиҳати ошкор намудани ҳолатҳои марги соҳибкори тоҷик Шуҳрат Яхшимуродов дар Маскав дастуру супориш дод.
Тавре ба «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, дар сафорат аз марги шаҳрванди Тоҷикистон тоҷик тариқи васоити ахбори умум огоҳ шудаанд.
«Саҳеҳияти маълумот мавриди санҷиш қарор дошта, ба сафорат дар ин бора то ҳол иттилои расмӣ нарасидааст, вале бо вуҷуди ин, сафир Абдулмаҷид Достиев дастур дод, ки ин ҳодиса пайгирӣ карда шавад», - гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки айни замон хадамоти консулгарии сафорат ин ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор дода, дар пайи ошкор намудани ҷузъиёти ҳолатҳои содир шудани он мебошад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта соҳибкори маъруфи тоҷик Шуҳрат Яхшимуродов дар шаҳри Маскав кушта шуд . Соҳибкорро дар назди хонааш паррониданд.
Хотиррасон мешавад, ки соли 1995 Яхшимуродовро ба куштори ду намояндаи маъруфи олами ҷиноӣ (авторитетҳо) дар Маскав муттаҳам карда буданд , вале тахмин шуда буд, ки ҳабси ӯ бештар ангезаи сиёсӣ дорад, зеро он замон ӯ бо мухолифони тоҷик ҳамкорӣ дошт.
Яхшимуродов ба ҳайси менеҷери кулли ширкати Fair Play International-и Лаҳистон (Полша) фаъолият мекард. Қаблан ба сифати ноиби президенти консерни истихроҷ ва коркарди нафту металлҳои рангаи «Тадж-Ал» низ кор кардааст. Дар рӯйхати хатмкардагони Донишгоҳи давлатии Маскав ҷой дорад.
Соҳибкор ҳамчунин ба варзиш машғул буда, номи ӯ ба рӯйхати панҷгонаи беҳтаринҳо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба каратэ зикр шудааст. Бо таэконддистҳо машқу тамрин мегузаронид ва ҳамчунин ба кикбоксинг низ сарукор дошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста