Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва муовини аввали ӯ Саидумар Ҳусайнӣ, вакилони палатаи поёнии парлумон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ лоиҳаи тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро пешниҳод карданд.
Ба андешаи онҳо, ин тағийрот ба куллан тағйир додани тартиби даъват ва хизмат дар атриши миллӣ имкон фароҳам сохта, ба падидаҳои манфие чун маҷбуран ба хизмат ҷалб кардан (облава) ва порадиҳӣ дар ин самт садд хоҳанд гузошт.
Саидумар Ҳусайнӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор кард, ки тағийроти пешниҳодшуда ба беҳбуди ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ низ мусоидат намуда, барои бунёди артиши касбии Тоҷикистон замина фароҳам меоваранд.
«Мо пешниҳод кардем, ки ба сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбӣ музди меҳнат таъин карда шавад, ки ҳаҷмаш аз музди миёнаи меҳнат дар кишвар набояд камтар бошад, - гуфт ӯ.
Ба қавли Ҳусайнӣ, ҳаҷми пардохтпулиҳои ҷавононеро, ки ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хоҳиш надоранд, бояд ҳукумат муқаррар намояд ва ин маблағҳо барои таъини музди меҳнат ба сарбозон истифода шуда метавонанд.
«Ғайр аз ин, мо пешниҳод дорем, ки фонди махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба дастгирии артиши миллӣ таъсис дода шавад, ки ба он пардохтпулиҳои дар боло зикршуда ва маблағҳои хайрияву ихтиёрӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд», - зикр кард вакил.
Номбурда ҳамчунин гуфт, дар яке аз бандҳои тағйирот ба қонуни мазкур пешбинӣ мешавад, ки шахсоне, ки хизмати ҳатмии ҳарбиро адо накардаанд, ба қабул шудан ба кор дар мансабҳои хизмати давлатии Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста