Дар пойтахт ва дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили ҷашни 69-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанаӣ (ҶБВ) гузаштҳои низомӣ барпо намешаванд.
Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, субҳи рӯзи 9-уми май дар боғи Ғалабаи пойтахт ба хотири гиромидошти қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди гулхани абадӣ маросими анъанавии гулчанбаргузорӣ аз ҷониби раҳбарияти Вазорати мудофиа доир мегардад.
«Дар маросими гулчанбаргузорӣ ҳамчунин падару модарони сарбозон ва афсарони гарнизони Душанбе, собиқадорон ва иштирокчиёни ҶБВ ва намояндагони аҳли ҷомеа низ ширкат меварзанд», - гуфт намояндаи Вазорати мудофиа.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз маросими гулчанбаргузорӣ ва гузашти низомии дастаи қаровули фахрӣ наваскарони ду қисми низомии Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳамин ҷо барои садоқат ба Ватан савганд ёд мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста