Чанде қабл зимни мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Рустам Назаров бо ҳайати Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини раиси ин Кумита Нургали Билисбеков дар Душанбе атрофи масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар сурат гирифта, ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки фаъолият дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро муайян карданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар мулоқот ҳамчунин масоили вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа, рушди ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт, роҳандозии табодули маълумот нисбат ба роҳбарони гурӯҳи ҷиноятпеша ва аъзои гурӯҳҳои қочоқбарони фаромиллӣ ва ташкили тадбирҳои муштарак ҷиҳати боздошт ва безарар гардонидани онҳо баррасӣ шуданд.
Дар мулоқот мушкилоти марбут ба методологияи арзёбии маводи мухаддири афғонӣ, ки тариқи «Хатсайри шимолӣ» интиқол меёбад, низ мавриди муҳокима қарор гирифта, зикр гардид, ки ҷиҳати такмили методология ин масъаларо мебояд дар ҳамдастӣ бо мақомоти салоҳиятдори кишварҳои минтақа ва созмонҳои байнулмилалӣ баррасӣ намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста