Г уфтушуниди гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаҳои марбут ба марзи давлатӣ рӯзи 11-уми май дар шаҳри Душанбе доир мегардад.
Муовини нахуствазири Қирғизистон оид ба масоили мудофиа, амният ва масъалаҳои марзӣ Абдураҳман Маматалиев ба «Киргиз Пресс» дар ин робита изҳор намудааст, ки гуфтушунид дар сатҳи муовинони нахуствазири кишварҳо баргузор мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар гуфтушуниди мазкур баррасии масъалаи таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ ва ҳамчунин сохтмони роҳи автомобилгарди наздимарзии Куктош – Оқсой – Тамдик дар вилояти Ботканд дар назар аст.
«Қаблан зимни вохӯрии гурӯҳи корӣ ҷонибҳо оид ба пешниҳодоташон дар мавриди ин масъала ибрози назар намуда, ҷониби Тоҷикистон исрор варзидааст, ки роҳро онҳо месозанд, аммо ин пешниҳод ба мавқеи мо созгор нест, зеро ин роҳ қаламрави моро убур намуда, мутаносибан онро мо бояд созем», - таъкид доштааст муовини нахуствазир.
Қобили зикр аст, ки Қирғизистон гузаргоҳҳои марзияш бо Тоҷикистонро, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи 11-уми январ яктарафа аз ҷониби Бишкек баста шуда буд, аввали моҳи апрел боз кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста