Субҳи имрӯз муфаттишони Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд тафтиши ҳодисаи муноқишаи дирӯза дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро оғоз намуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар ҷойи ҳодиса таҳти сарварии сардори Раёсати ВКД ҶТ дар Суғд Шариф Назаров гурӯҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ машғули кор аст.
«Муфаттишон сокинони маҳаллӣ, шоҳидони ҳодисаи задухӯрди оммавии шаҳрвандони ҳарду кишварро, ки бар асари он беш аз 60 нафар аз ҳарду ҷониби ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, бозпурсӣ доранд», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, вазъ дар марз таҳти назорат қарор дошта, дастаҳои пурзӯршудаи милисаи точику қирғиз ва марзбонон ваъда додаанд, ки дигар ба муташанниҷ гардидани вазъ роҳ намедиҳанд.
Роҳи миёни Исфара ва Ворух аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон баста шуда, то ҳанӯз ҳам боз нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки қарибиҳои шоми дирӯз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар роҳи мошингарди миёни Исфара ва ҷамоати Ворух, наздикии деҳаи қирғизии Куктош миёни шаҳрвандони ҳарду кишвар муноқишаи навбатӣ ба вуқӯъ пайваста, бар асари он ҳудуди 60 нафар аз ҳарду ҷониб осеб диданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста