Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон таҳти раҳбарии муовинони нахуствазири кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ ҷараён дорад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президент, дар ин гуфтушунид ҷараёни иҷрои созишномаи қаблӣ дар бораи таъин ва аломатгузорӣ дар марз, сохтмони роҳҳои нав ҷиҳати ҳалли мушкилоти марзӣ, истифодаи чарогоҳҳои наздимарзӣ, дарёфти роҳу воситаҳои қонунии таъин ва аломатгузории марзи давлатии кишварҳо барррасӣ шудаанд. Имрӯз гуфтушунид идома ёфта, аз рӯи натиҷаҳои он имзои созишномаи дар ҷараёни гуфтушунид таҳиягардида дар назар аст.
Зикр мегардад, ки муовини нахуствазири Қирғизистон ба зарурати баргузор кардани тафтиши воқеъбинонаи қазияи ахир дар марз, ба муҷозот кашидани гунаҳкорон ва ҷуброни зиёни моддӣ ба шаҳрвандони Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 7-уми май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар роҳи мошингарди миёни Исфара ва ҷамоати Ворух, наздикии деҳаи қирғизии Куктош миёни шаҳрвандони ҳарду кишвар муноқишаи навбатӣ ба вуқӯъ пайваста, бар асари он ҳудуди 60 нафар аз ҳарду ҷониб осеб диданд.
Тибқи фарзияи ВКД Қирғизистон, зимни муноқиша миёни аҳолии деҳоти наздимарзии кишварҳо аз ҷониби издиҳоми зиёди шаҳрвандони тоҷики ҷамъомада нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, 2 контейнери орду семент, 2 автомашинаи тамғаи «КамАЗ»-и муталлиқ ба шаҳрвандони Қирғизистон сӯзонида шудаанд. Зикр мегардад, ки 12 нафар шаҳрвандони ҷароҳатгирифтаи Қирғизистон дар ҷараёни муноқиша ба бемористонҳои маҳаллӣ бистарӣ шудаанд.
Тибқи фарзияи ҷониби Тоҷикистон, сабаби рух додани муноқиша он будааст, ки як гурӯҳ ҷавонони сархуш аз ҳисоби шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯи автомашинаи сокини Ворух, ки аз Исфара меомадааст, сангандозӣ кардаанд. Пас аз муноқиша издиҳоми зиёди мардум аз ҳарду ҷониб ҷамъ шуда, аз муноқишаи лафзӣ ба сангандозии ҳамдигар пардохтаанд. Қирғизҳо ҳанӯз рӯзона дар ҷойи ҳодиса санг ҷамъоварӣ намудаанд.
Зикр гардида буд, ки ҳафт нафар сокинони Исфара бо ҷароҳатҳо ба бемористон бистарӣ шуда, як ҳамдиёри мо аз тири милтиқи шикорӣ захм бардоштааст. Кормандони мақомоти интизомии ҳарду кишвар ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, барои пароканда сохтани издиҳом ба ҳаво тир холӣ кардаанд.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 8-уми май пас аз анҷоми нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СААД дар Маскав мулоқоти президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, дар он ин ҳодиса низ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста