- Минбаъд Тоҷикистону Қирғизистон ба Низоми ягонаи дифоъи зиддиҳавоии Русия ва Қазоқистон пайвастанианд, - изҳор кард муовини вазири мудофиаи Қазоқистон Окас Сапаров рӯзи сешанбе дар ҷаласаи васеи Кумитаи сенат оид ба муносибатҳои байнулмилалӣ, мудофиа ва амният дар шаҳри Остона.
«Айни замон ҳамчун намуна дар қисмати шарқӣ-аврупоӣ дар доираи СААД Низоми ягонаи дифоъи зиддиҳавоии Русия ва Белорус амал мекунад. Дар доираи минтақаи Қафқоз бошад, Низоми ягонаи Русия ва Арманистон», - хабар медиҳад «Независимая газета» бо такя ба суханони Сапаров.
Ба гуфтаи муовини вазири мудофиаи Қазоқистон, дар бораи «ба ин низом пайвастани Қирғизистон ва Тоҷикистон тавофуқи усулии давлатҳо ҳосил шудааст».
Бино ба иттилои «Интерфакс» , дар ин ҷаласа лоиҳаи қонун «Дар бораи тасдиқи Созишнома миёни Қазоқистону Русия дар бораи бунёди Низоми ягонаи минтақавии дифоъи зиддиҳавоии Қазоқистону Русия» баррасӣ шудааст.
Окас Сапаров шарҳ додааст, ки Низоми ягонаи минтақавии дифоъи зиддиҳавоии Қазоқистону Русия барои ҳимояи тамомияти арзӣ ва соҳибистиқлолии ҳарду кишвар ташкил карда мешавад. «Ин низом танҳо дар замони мухолифтаҳои низомӣ истифода мешавад», - иброз доштааст муовини вазири мудофиаи Қазоқистон.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки қароргоҳи фармондеҳии Низоми ягонаи дифоъи зиддиҳавоӣ дар Алмаато ҷойгир шуда, фармондеҳаш ҳам намояндлаи Қазоқистон хоҳад буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста